Рубрики
Асосӣ

КОНИБОДОМ: БОБОҶОН ҒАФУРОВ РАВШАНГАРИ ТАЪРИХИ ТОҶИКОН

(дар доираи иҷроиши Амри Президенти ҶТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оиди баргузории озмуни ” Тоҷикон – оинаи таърихи миллат “)

Бо иқдоми аъзои фаъоли ҲХДТ ,омузгори фанни таърихи муассисаи таълимии Коллеҷи тиббии шаҳри Конибодом Гулсара Ҷураева мизи мудаввар таҳти унвони ” Бобоҷон Ғафуров равшангари таърихи тоҷикон ” бо иштироки устодону шогирдони муассисаи мазкур роҳандозӣ гардид.

Нахуст муовини сарвари муассиса Султонов Олимҷон чорабиниро ҳусни оғоз бахшида, ҳадафи баргузории чорабиниро шарҳ дод. Донишҷуён бобати мавзуъҳои мухталиф дар шинохти бузургӣ ва шуҳрати ҷаҳонии аллома Бобоҷон Ғафуров ва китоби “Тоҷикон “ибрози назар намуданд ва омузгорон низ нақши китоби пурарзиши Тоҷикон ро дар рушду шинохти давлатдории миллии тоҷикон муассир арзёбӣ карданд. Ҷураева Гулсара китоби руимизӣ будани” Тоҷикон “- ро қайд намуда, афзуд, ки туҳфаи арзишманди Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳар хонадони тоҷик воқеан гаронарзиш аст.

Дар чорабинӣ муовини раиси кумиҷроияи шаҳрии ҲХДТ Фируза Шерматова иштирок ва суханронӣ намуда, бобати нақши китоби тоҷикон, аҳамияти эълони озмуни ҷумҳуриявӣ, руй овардан ба китобу китобхонӣ ибрози назар намуд.

Мизи мудаввар бо мубоҳисаҳои судманд анҷом пазируфт.

Мудири шуъбаи  таблиғот ва иттилооти

КИ ҲХДТ дар  шаҳри Конибодом:                                          Урунова Г.И

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *