Санаи 30-юми сентябри соли ҷорӣ дар идомаи рафти мулоқоту вохӯриҳои тарғиботии гурӯҳи кории Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Конибодом дар самти пешгирии шомилшавии ҷавонону наврасон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, таълимоти ғайрирасмии динӣ, хурофотпарастӣ, таъсири унсурҳои бегона ба фарҳанги миллӣ ва риояи фарҳанги миллии либоспушӣ мулоқоти навбатӣ бо ҷавонону наврасони ҳудуди ҷамоати деҳоти Патар баргузор гардид.Зимни мулоқот масъулин доир ба хатарҳову паёмадҳои терроризму экстремизм, гаравидани ҷавонон ба ҳар гуна равияҳои ифротӣ ва омилҳои ба он мусоидаткунанда ибрози андеша намуда, ин падидаро омили нооромиву парокандагӣ ва монеъи рушду инкишофи ҷомеаву давлат арзёбӣ намуданд.Дар ин ҷода, инчунин масъулин доир ба мустаҳкамии оилаҳои ҷавон ва амалӣ намудани рисолати ҷавонмардии ҷавонон яъне хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар ибрози назар намуда, аз қишри фардосози Ватан дар самти нигоҳ доштани иродаи мустаҳкам ва ҳимоят намудан аз манфиати давлату миллат даъват ба амал оварданд.
Рубрики
Конибодом: Идомаи мулоқотҳои тарғиботӣ
