Рубрики
Асосӣ

Конибодом: Истифодаи босамари замин – омили пурфайзии хонадон

    Ҷиҳати татбиқи супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва зимни мулоқоташон бо фаъолони ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон дар самти истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Конибодом  дар ҳамкорӣ бо МИҲД-и шаҳр дар хонаву маҳалҳо бо сокинон мулоқотҳои тарғиботӣ роҳандозӣ намуданд. Раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Конибодом Бобоҷонзода А.Т ҳамчун роҳбари гуруҳ санаи 21.06.2022 аз кучаҳои Ҷурабой Ғафуров, Турсунзода ва Ҷонон Ӯрунова-и ҳудуди ҷамоати деҳоти Куҳандиёр дидан намуда, бо заминҳои наздиҳавлигии сокинон аз наздик ошно гардиданд. Ва ба сокинон ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Роҳбари давлат дар самти истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ ва аз он гирифтани то се ҳосил  маслиҳатҳои муфид  расониданд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *