Рубрики
Асосӣ

КОНИБОДОМ: ИҶЛОСИЯ-КАФИЛИ СУЛҲУ СУБОТ!

    Бахшида ба 30-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи гузашта бо иштироки муҳассилини фаъоли муассисаи таълимии рақами 2 ва аъзоёни ТҶҶ “Созандагони Ватан”-и назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Конибодоом мизи мудаввар таҳти унвони “ Иҷлосия-кафили сулҳу оромӣ” роҳандозӣ гардид.  Дар раванди чорабинӣ хонандагон оид ба Иҷлосияи тақдирсози миллат маърузаҳо ироа намуданд. зикр гардид. ки баҳри нигоҳ доштани сулҳу субот, расидан ба қадри  қаҳрамонию ҷонфидоиҳои гузаштагон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллӣ, бедор намудани ҳисси баланди ватандӯстӣ ҷавонони фаъоли имрӯза тамоми чораҳоро пиёда хоҳанд намуд.

  Дар фарҷом муовини Раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Конибодом Фируза Шерматова бобати мавзуи мазкур, ҳамчунин, оид ба рӯ овардан ба китобу китобхона, қадр намудани озодию истиқлолияти давлатӣ, сулҳу субот ва аз даст надодани зиракии сиёсӣ андешарониҳо намуд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *