Рубрики
Асосӣ Мақола

КОНИБОДОМ: ИҶЛОСИЯ –САНАДИ МУҲИМУ САРНАВИШТСОЗ

          Иҷлосияи тақдирсози 16 – уми Шурои Олӣ имконият ва шароит фароҳам овард, ки раванди сулҳи миёни тоҷикон барқарор гардад. Маҳз ин санаи муҳими таърихӣ ба ҷониби қувваҳои даргир ва ба нооромии кишвар нуқта гузошт ва истиқлолияти воқеии Тоҷикистонро ҳифз намуд.

Қобили зикр аст, ки ҳадафи Сарвари давлат он замон аз он иборат буд, ки ихтиёри давлатдориро ба даст оваранд, пеши роҳи хатари нобудии онро гиранд, оташи ҷанги дохилиро хомӯш намоянд, сохтори фалаҷгардидаи ҳокимиятро барқарор созанд ва хусусан мақомоти ҳифзи хуқуқро дубора барқарор кунанд. Артиши миллӣ ва неруҳои посбони сарҳадро таъсис диҳанд, барои таҳкими ҳокимият ва давлат шароит муҳайё кунанд, заминаи сулҳи миллиро матраҳ созанд, аксари гурезаҳо ва муҳоҷирони иҷбориро ба Ватан баргардонанд, заминаи устувори эъмори ҷомеаи навини Тоҷикистонро гузоранд, ислоҳоти конститутсиониро дар мамлакат амалӣ гардонанд. Ин ҳама иқдомҳо барои  Пешвои муаззами миллат кори саҳл набуд ва аксаран мардум ба ҳокимият бовар надоштанд. Сарвари давлат бо қавлу матонат ва иродаи шикастнопазири хеш аз ӯҳдаи ҳамаи ин корҳо баромаданд. Худро фидоии ин роҳ, боварии мардумро ба ояндаи нек ва нисбат ба миллат ва ватан бедор намуданд.

Иҷлосияи XVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳамияти таърихии беназир дорад.  Зеро, ин рўйдоди муҳимми таърихӣ дар шахсияти Эмомалӣ Раҳмон роҳбареро ба саҳнаи сиёсат овард, ки бо дилу нияти пок аз рўзҳои аввалини роҳбарӣ тамоми кўшишу заҳматҳои худро барои хомўш намудани алангаи ҷанги шаҳрвандӣ, таҳкими сулҳу субот, якпорчагии марзу буми аҷдодӣ ва ваҳдати миллии тоҷикон равона намуда, халқи тоҷикро муттаҳид сохт. Шукр, ки бо шарофати хизматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишварамон сулҳу салоҳ барқарор гардид ва имрўз мо дар ватани биҳиштосо зиндагӣ дорем.

Ин Иҷлосия барои он муҳим аст, ки ба фаъолияти қонунгузории давраи навини Тоҷикистони соҳибистиқлол ибтидо гузошт. Маҳз бо шарофати Иҷлосияи мазкур шаҳрвандони Тоҷикистон таъмини соҳибихтиёрии давлатамонро дарк намуда, баробарҳуқуқӣ ва дўстии тамоми халқу миллатҳоро эътироф карда, Конститутсияи нави кишварро 6 ноябри соли 1994 қабул намуданд.

Қабули Конститутсия, интихоби Сарвари давлат, вакилони халқ ва Маҷлиси олӣ, маҷлисҳои маҳаллӣ, тасдиқу таъйини ҳамаи сохторҳои давлатӣ моро ба сўи таҳкими ҳокимият ва сохтмони ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёду дунявӣ дар мамлакат ҳидоят намуд. Иҷлосияи XVI заминаи сохти давлатдории навини тоҷикон, бунёди давлати демократии дунявии ҳуқуқбунёдро ибтидо гузошт ва он оғози ваҳдати миллӣ, сулҳи пойдору суботи сиёсиву иҷтимоӣ ва фазои озоди бунёдкориву созандагӣ ба ҳисоб рафта, ба беҳокимиятӣ, хатари нестшавии халқи тоҷик нуқта гузошт ва якпорчагии марзу буми кишварро таъмин намуд.

Ҳар як шаҳрванди кишвар бояд ифтихор аз он дошта бошад, ки Тоҷикистон чунин Роҳбари тавоно дорад ва Пешвои миллат кишварро аз вартаи нобудӣ раҳоӣ бахшида, фазои сулҳу ваҳдатро бар сари мардум  ҷовидон бинмуд.

Пас пояндаву саломат бошанд, Пешвои миллат бар сари сокинони  давлат!

Бобоҷонзода Азимҷон Тоир

Раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Конибодом

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *