Рубрики
Uncategorized

КОНИБОДОМ: ИҶЛОСИЯ САРМАШҚИ БУНЁДИ ҲАЁТИ ОСОИШТА

         Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи миллати тоҷик саҳифаи наверо боз намуд. Асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз соли 1992 нақш ва мавқеи Иҷлосияро ба сифати руйдоди сарнавиштсози миллат муайян намудаанд, зеро он дар кишвар гардиши куллиеро ба миён овард. Маҳз дар ин Иҷлосия Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардида, сардории давлатро ба дӯши худ гирифтанд. Сиёсати хирадмандонаи ин марди фарзонаи миллат мардумро ба ояндаи дурахшон бовар кунонид. Маҳз бо шарофати Иҷлосия ва меҳнатҳои шабонарӯзии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҷумҳурии Тоҷикистон аз вартаи нобудшавӣ баромада тавонист.

 Боис ба зикр аст, ки Иҷлосияи тақдирсози миллат ба мо имконияти таърихие фароҳам овард, ки ватани худро соҳибӣ кунем, давлатдории миллии худро барпо намоем ва ормонҳои деринаи халқамонро амалӣ гардонем. Ҳамчунин, муҳимтарин дастоварди мо дар даврони Истиқлолият ин таъмини сулҳу оромӣ, аз хатари нобудшавӣ наҷот додани давлатдории миллиамон ва аз парокандагӣ раҳо бахшидани миллатамон мебошад.

         Бояд тазаккур дод, ки дар натиҷаи хираду заковат, ҷаҳду талоши ватандӯстонаи Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳи осоишта ҳаллу фасл намудани муноқишаҳои дохилӣ пеши роҳи парокандашавии миллати тоҷик гирифта шуд, гурезаҳо ба Ватан баргардонида шуданд, нур бар зулмот ғалаба карда, мо ба сулҳу субот  ва ваҳдату якдилӣ расидем.

       Воқеан, Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии ҶТ наҷотбахшу сарнавиштсози миллати тоҷик арзёбӣ гардидааст. Бо боварии комил гуфта метавонем, ки ҳар як шаҳрванди сулҳхоҳу сулҳҷуйи кишвар ба қадри  арзишҳои миллӣ расида, таҳти роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  баҳри пешрафт ва рушду нумуи кишвари азизамон саҳми назарраси хешро мегузорад.

Нурматова Розия

Раиси ташкилоти ибтидоии “Дурахшон ” и

КИ ҲХДТ дар шаҳри Конибодом

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *