Рубрики
Асосӣ

КОНИБОДОМ: ИҶРОИ ҚОНУНҲОИ МИЛЛӢ ДАР АМАЛ

   Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Конибодом ҷиҳати татбиқи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” аз рӯи  нақшаи чорабиниҳои махсус амал намуда,  байни ҷомеа чандин мулоқоту сӯҳбатҳо, машварату ҷаласаҳо ва корҳои фаҳмондадиҳиро ба роҳ монда истодааст.

   Мулоқоти судманд дар самти мазкур бо ибтикори масъулини кумиҷроияи шаҳр бо омӯзгорони муассисаи таълимии рақами 32 ташкил ва гузаронида шуд. Зимни чорабинии зикргардида намояндагони кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Конибодом доир ба нақши Қонунҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва каҷравиҳо дар самти амалишавии қонунҳои мазкур ибрози андеша намуда, аз иштирокдорон ҷиҳати риояи қатъии қонунҳо даъват ба амал оварда шуд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *