Рубрики
Асосӣ Мақола

КОНИБОДОМ: Конститутсия- бахтномаи миллат

Тӯли 27 сол инҷониб туфайли меъёрҳои Конститутсияи амалкардаистодаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишвар Истиқлолияти давлатӣ таҳким, пояҳои давлатдорӣ мустаҳкам ва фаъолияти мақомотҳои қудратӣ ба талаботи замони муосир мутобиқ гардонида шуд. Вобаста ба талаботи ҷомеаи имрўза дар асоси Конститутсия сохторҳои нави идоракунӣ ташкил ва сохторҳои пешин тағйиру такмил ва парлумони касбӣ таъсис дода шуда, ба ҷои Шўрои Олӣ ташкили Маҷлиси Олӣ ҳамчун мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузории кишвар роҳандозӣ карда шуд. Ҳамзамон, мувофиқи меъёрҳои Конститутсияи мазкур барои фароҳам овардани шароити мусоиди кору зиндагӣ, мустаҳкам намудани Ваҳдати миллии сокинони кишвар ва татбиқи дигаргуниву навгониҳо дар тамоми соҳаҳои ҳаёт заминаҳои ҳуқуқӣ гузошта шуд.

Вазъи иқтисодиву иҷтимоии кунунии кишвар нишон медиҳад, ки тамоми дастовардҳои ноилгардидаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бевосита ё бавосита бо қабули Конститутсия вобастагӣ дошта, он заминаи ба ҳам наздикшавии низоми ҳуқуқии мамлакати моро бо давлатҳои хориҷа ва истифодаи анъанаҳои мусбати ҷаҳони мутамаддинро фароҳам овард.Аз ин лиҳоз, имрӯз Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун таҷассумгари давлатдории миллии мардуми тоҷик, бо назардошти олитарин арзишҳои умумибашарӣ аз ҷониби коршиносон яке аз беҳтарин ва демократитарин Конститутсияҳои олам эътироф гардида, дар ҳаёти мардуми кишвар бозгўи саҳифаи навин маҳсуб ёфт. Он моҳияти инсонпарварона дошта, баёнгари ормону ҳадафҳои аслии тамоми ҷомеаи кишвар ба шумор меравад. Дар заминаи талаботҳои меъёрии Конститутсияи амалкардаистодаи кишвар зиндагии осоиштаи мардум фароҳам оварда шуда, як силсила қонунҳои ҷавобгӯй ба меъёрҳои байналмиллалӣ таҳия ва қабул карда шудаанд, ки дар байни онҳо қонунҳои характери миллӣ ва ба ояндаи дурахшони мардум вобастагӣ дошта низ ҳастанд. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” аз зумраи чунин қонунҳо маҳсуб меёбанд…

Бинобар ин, дар асоси гуфтаҳои боло Конститутсияи кишварро, ки аз қабули он ба наздикӣ 27 сол сипарӣ мегардад, аз дастоварди арзишмандтарин ва бахтеомаи миллат номид, ки барои расидан ба ҳаёти имрӯзаи сокинони кишвар ва боло рафтани нуфузи Тоҷикистони азиз заминаҳои муҳими ҳуқуқӣ гузошт.

Фируза Шерматова –

Муовини раиси кумитаи ичроияи ХХДТ дар шахри Конибодом

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *