Рубрики
Uncategorized

КОНИБОДОМ: Машварат идроку ҳушёрӣ диҳад…

Масъулини кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Конибодом байни ҷомеа бобати масъалаҳои муҳими рӯз корҳои тарғиботӣ бурда истодаанд. Чунин мулоқот бо муҳассилини синфҳои болоии муассисаи таълимии № 35 ва №21 воқеъ дар ҷамоати деҳоти Патар сурат гирифт. Суҳбат бобати хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, истифодаи дурусти телефонҳои мобилӣ, муносибатҳои хуби байниҳамдигарӣ, эҳтироми калонсолону устодон, китобхониву боинтизомӣ сурат гирифта, аз хонандагон даъват ба амал оварда шуд,ки ҷавобан ба ғамхориҳои давлату ҳукумат бо хониши хубу аъло ва рафтори намунавӣ таҳсил намоянд. Баҳри омухтани дониши сиёсии хонандагон саволи ҷавоб ташкил карда шуд.

Ҳамчунин қайд гардид,ки масъалаи муҳими имруза баҳри пешгирии панҳшавии бемории сироятии коронавирус ин гузаштани эмгузаронӣ,яъне ваксинатсия мебошад.Ҳамчунин муроҷиатномаи ҲХДТ ба хонандагон ҷиҳати бурдани маълумот ба хонавода тақсим карда шуд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *