Рубрики
Асосӣ

КОНИБОДОМ: МАШВАРАТ ИДРОКУ ҲУШЁРӢ ДИҲАД…

      Тибқи нақша чораҷӯиҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Конибодом санаи 12-уми октябри соли ҷорӣ  дар бинои Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб бо иштироки шахсони масъули муассисаҳои таълимии ҳудуди шаҳр семинари дастурдиҳӣ баргузор карда шуд.

            Дар семинари мазкур мудири шӯъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои  Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб Ҳоҷиев Фирӯз ва мутасаддии омор Юсупова Ҳамида  бо шахсони масъули ҳаракати аъзоёни муассисаҳоро таҳлил намудан ва барои боз ҳам беҳтар ва хубтар ба роҳ мондани ҳамкорӣ бо муассисаҳо дастурҳои зарурӣ доданд.

          Дар семинар иштирокчиён доир ба ҳаракати аъзоёни муассисаҳои худ маълумоти оморӣ гирифта, бобати бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта маслиҳатҳои муфид гирифтанд. Масъулин таъкид доштанд, ки ба сафи узвияти ҲХДТ нафарони арзандаро шомил намоянд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *