Тибқи нақшаи муштараки Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ,МИҲД – и шаҳри Конибодом,кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Конибодом ва Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим дар толори ҷамоати деҳоти Патари шаҳри Конибодом мулоқоти судманд доир гардид. Дар он сокинони назди сарҳадӣ, ҷавонон ва хонандагон иштирок намуданд.
Ҳадафи мулоқот пешгирии зуроварӣ дар оила, аз даст надодани зиракии сиесӣ , пешгирии бемориҳои сироятӣ ва ба таҳлукаву дуругҳо фирефта нагардидани ҷавонон буд.