Рубрики
Асосӣ

КОНИБОДОМ: МАЪРАКАИ СУПОРИДАНИ ҲАҚҚИ АЪЗОГӢ

      Баҳри иҷрои қарори Маҷлиси Кумитаи  Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии  Демократии Тоҷикистон аз санаи 29 июни соли 2022, таҳти рақами 4 ва қарори Маҷлиси Раёсати Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд аз 14.09.2022 таҳти рақами 3 дар бораи маъракаи супоридани ҳаққи аъзогӣ дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ санаи 18уми ноябр мудири бахши омори КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд- Фирдавсхон Саидов аз фаъолияти кории  КИ ҲХДТ дар шаҳри Конибодом ва ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ дидан намуданд. Аз ҷониби масъули кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд якчанд ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии ҳудуди шаҳр зери омӯзиш қарор гирифта, оид ба камбудиҳо тавсияҳо дода шуд. Боис ба қайд аст, ки  мавсуф дар радифи омӯхтани рафти маъракаи супоридани ҳаққи аъзогӣ, ҳамчунин, аз тақвияти корҳои дохилиҳизбии кумиҷроия санҷида, доири камбудиҳои ҷойдошта ва баҳри пешрафти кор дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ  дастурҳои методӣ доданд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *