Рубрики
Uncategorized

КОНИБОДОМ: Маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботӣ дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ дар ҳудуди ҷамоатҳои деҳот бомаром идома дорад

Дар рафти ҷаласаҳои ҳисоботӣ-интихоботии ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ субҳи 23юми июни соли равон дар ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ дар ҷамоати деҳоти ба номи Абулқосим Лоҳутии шаҳри Конибодом бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Конибодом Бобоҷонзода А.Т маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботӣ гузаронида шуд. Маҷлисро раиси ташкилоти ибтидоии мазкур Ғаниева Умеда ҳусни оғоз бахшида, иштирокчиёнро бо масъалаҳои рузномаи маҷлис шинос намуд ва мухтасар оид ба фаъолияти ташкилоти ибтидоии ҲХДТ дар солҳои ҳисоботӣ ахборот пешниҳод намуд. Ҳамчунин аз тарафи аъзоёни ташкилот музокира шунида шуда оид ба тезонидани суръати обунашавӣ ба рузномаҳои ҳизбӣ ва минбаъд беҳтар намудани фаъолияти ҳар як аъзои ҳизб, қабули аъзоёни нав ба сафи ҳизб истода гузаштанд.

Аз руи масъалаи дуюми рӯзнома котиби ташкилоти ибтидоӣ Тоҷиева Раҳима баромад намуда, таклиф пешниҳод намуд, ки ба раиси ташкилоти ибтидоии ҲХДТ раиси ҷамоати деҳоти ба номи А,Лоҳутӣ Ғаниева Умеда интихоб карда шавад. Пешниҳоди мазкур аз тарафи иштирокчиён қабул ва тасдиқ карда шуд.

Аз рӯи масъалаи сеюм раиси ташкилоти ибтидоии номбурда суханронӣ намуда номзадии якчанд нафар аъзоёни фаъоли ташкилотро ҳамчун вакил ба Конфренсияи 24-уми ҲХДТ дар шаҳри Конибодом пешниҳод намуданд. Аз рӯи масъалаҳои дар рузнома буда маҷлис қарорҳои дахлдор қабул намуд.

Дар фарҷом раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Конибодом Бобоҷонзода Азимҷон Тоир баромад намуда, оид ба вазъи геопалитикӣ, сиёсиву иҷтимоӣ ақидарониҳо намуда, барои пешрафти ҷомеа, баланд бардоштани нуфузи ҲХДТ, тарбияи ҷавонон дар руҳияи ватандӯстӣ ва беҳтар намудани фаъолият пешниҳоду дастурҳои методӣ доданд ва ҳамчунин ба якчанд нафар аъзоёни фаъол бо Сипосномаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Конибодом сарфароз гардонида шуданд.

 

 

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *