Рубрики
Асосӣ

КОНИБОДОМ: МИЗИ МУДАВВАР: “ЗИРАКИИ СИЁСӢ ОМИЛИ МУҲИМИ ПЕШРАФТИ ҶОМЕА”

   Дар Коллеҷи технологии шаҳр масъулини кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Конибодом ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар доираи сафари навбатии кориашон ҳангоми мулоқот бо фаъолони шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд иброз доштанд, мизи мудаввар таҳти унвони” Зиракии сиёсӣ омили муҳими пешрафти ҷомеа ” баргузор намуданд. Ҳадаф аз роҳандозии чорабинии мазкур мусоидат дар тарғибу ташвиқот байни ҷавонон бобати пешгирии шомилшавии онҳо ба ҳизбу равияҳои тундгаро, тарғиби тафаккури солим , баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандии ҷавонписарон ва ба сафи хизмати Ватан-модар даъват сохтани онҳост.

Дар чорабинӣ Мирмуллоев Назирҷон-мудири шӯъбаи кор бо ҷавонони кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд, Маҳмудов Фахриддин-имомхатиби масҷиди ҷомеи Зарбед, Тураева Муаззамхон –раиси Шӯрои собиқадорони кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Конибодом ва омузгорон, ҷавонони фаъоли шаҳр,аъзоёни ТҶҶ “Созандагони Ватан” ҳузур доштанд.

Нахуст чорабиниро муовини Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Конибодом Шерматова Фирӯза ҳусни оғоз бахшида, ҳадафи баргузории чорабиниро баён намуданд. Дар рафти чорабинии мазкур аз тарафи аъзоёни фаъоли ҲХДТ маърузаҳо оид ба мавзуъҳои “Истифодаи дурусти шабакаҳои иҷтимоӣ ва бартарафсозии таҳдиду буҳтонҳои хоинони миллат”, “ Занону бонувон амалҳои номатлубро маҳкум мекунанд!”, ” Терроризм ва ифротгароӣ амалҳои номатлуби ҷаҳонӣ”, ” Тарзи либоси миллӣ на моро мусулмонтар мекунаду на исломро ғанитар…” пешкаши ҳозирин гардонида шуд. Инчунин аз тарафи муҳассилини муассисаи миёнаи №3 шеърҳо дар васфи Ватан, Тоҷикистон ва Пешвои миллат қироат гардид. Аз тарафи масъулон бобати масъалаҳои мубрами рӯз аз ҷумла, терроризму экстремизм, хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ақидарониҳо шуда, аз ҷавонони ватандӯст даъват ба амал оварда шуд, ки зиракии сиёсиро аз даст надода,бар Ватани хеш содиқона хизмат намоянд ва барои суботи ҷомеаю кишвар ҳисси арзандаи худро гузоранд.

Дар фарҷоми чорабинӣ ҷавонон низ андешаронӣ намуда,ба саволҳои худ ҷавобҳо гирифтанд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *