Рубрики
Асосӣ

КОНИБОДОМ: Мизи мудаввар, “хизмат ба Ватан шарафу мардонагист! ”

Ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиати давлат , таҳкими Истиқлолият , амният ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муқаддаси ҳар шаҳрванд аст.

(Омадааст дар боби 43-уми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон)

Санаи 18.02.2022 тибқи нақша-чораҷӯии кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Конибодом бахшида ба 29- солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар таҳти унвони” Хизмат ба Ватан шарафу мардонагист” дар ташкилоти ибтидоии ҲХДТ дар маҳаллаи Ҳоҷӣ Алиев баргузор гардид. Ҳадаф аз роҳандозии чорабинии мазкур мусоидат дар тарғибу ташвиқот байни ҷавонон бобати баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандии ҷавонписарон ва ба сафи хизмати Ватан-модар даъват намудани онҳо буд.

Дар чорабинӣ намояндагони кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд, муовини раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Мансурӣ Замирахон, мутахассиси шуъбаи ташкилӣ Боқиева Маҳинахон ,муовини қисми низомӣ –подполковник Комил Камолиддин, сарбозону афсарони қисми ҳарбии 04080, ки дар ҳудуди шаҳри Конибодом ҷойгир аст ,сарбозе, ки адои хизмат намудааст бо ҳамроҳии модараш, донишҷӯписарони коллеҷи тиббӣ, аъзоени ТЧЧ ” Созандагони Ватан “ҳузур доштанд.

Нахуст мулоқотро муовини раиси кумиҷроияи шаҳрии ҲХДТ Фирӯза Шерматова ифтитоҳ бахшид .

Оид ба таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи донишҷӯёни коллеҷи тиббӣ маълумотҳо пешкаш гардид.

Муовини қисми низомии №04080– подполковник Комил Камолиддин ва сарбозон оид ба шароитҳои қисми ҳарбии низомӣ, реҷаи рӯзи сарбозону афсарон ва ғамхориҳои бевоситаи ҳукумати давлат ва Пешвои миллатамон суханрониҳо карданд. Ҳамчунин қайд намуданд, ки фориғ аз машқҳои ҳарбӣ- варзишӣ ба китобхониву навозандагӣ ва дигар шуғлҳо машғул мешаванд. Ҷавонон васфи ватану ватандорӣ шеърҳо қироат намуда, андешаҳояшонро иброз доштанд.

Сипас модари сарбоз бо ифтихор ва қаноатмандӣ қайд намуд, ки писараш бо хоҳиши худ ба сафи сарбозон шомил шуда, марзу буми диёри азизашро ҳимоя карда, қарзи фарзандиашро бо сари баланд ба ҷо овардааст.

Дар фарҷоми мулоқот сухан ба намояндаи кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд, собиқадорони фаъоли ҳизб дода шуд.

Мансурӣ Замирахон – бобати эҳтиром ба арзишхои миллӣ, тарғиби андешахои сиесӣ байни ҷавонон, хизмати содиқона ба Ватан -Модар, даъват ба зиракии сиёсӣ андешаронӣ намуданд.

Мулоқот озод баргузор гардида, байни иштирокдорон суолу ҷавоб сурат гирифт.

 

 

 

 

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *