Модарони ҷавонписарони синни даъват ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 12.02.2022 бо иқдоми Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Конибодом бахшида ба рӯзи Артиши миллӣ ба қисми низомии №04080 ташриф оварданд. Ҳамчунин вакилон аз ҳисоби занон, фаъолзанони ҳизбӣ, намояндагони кумитаҳои маҳалҳо ва модарон ба афсарону сарбозон нону кулчақанд, самбусаву қатлама ва шириниҳо тақдим намуда, бо шароити зисту хизмати афсарону сарбозон дар қисми низомии мазкур аз наздик ошноӣ пайдо намуданд.
Нахуст Раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ Бобоҷонзода Азимҷон Тоҳир афсарону сарбозонро ба муносибати 29-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику муборакбод намуда, барояшон адои сарбаландонаи мактаби мардонагию шуҷоатро орзу намуд.
Ҳадафи баргузории чорабинӣ пеш аз ҳама баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии ҷавонон, хештаншиносӣ ва зиёд намудани сафи ихтиёрон ба хизмат дар сафи Артиши миллӣ ва бад-ин васила огаҳӣ пайдо кунонидани модарон аз шароити қисмҳои низомии даврони истиқлол мебошад.
Модарон бо фаъолияти қисми низомии №04080 шинос гардида, шоҳиди он шуданд, ки дар ҳақиқат имрузҳо ба туфайли даврони соҳибистиқлолии кишвар ва ғамхориҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат , Сарфармондеҳи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯзҳо дар қисмҳои ҳарбии кишварамон тамоми шароитҳо барои афсарону сарбозон муҳайё карда шудааст.
Масъулини қисми низомии №04080 барои ташкили чунин чорабинӣ ба кумиҷроияи шаҳрии ҲХДТ ва модарону бонувон изҳори сипос намуда, бовар кунониданд, ки бо азму иродаи қавӣ ин марзу буми аҷдодиро нигаҳбонӣ мекунанд.