Таҳти чунин унвон санаи 14уми майи соли ҷорӣ дар муассисаи таълимии рақами 25 чорабинии фарҳангӣ бахшида ба Рӯзи байналмилалии оила гузаронида шуд, ки дар он намояндагон аз МИҲД-и шаҳри Конибодом ва масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Конибодом ҳузур доштанд. Дар чорабинии идона се оила – Ғаниевҳо, Комилҷоновҳо ва Муҳаммедовҳо ҳамчу оилаҳои намунавӣ ширкат варзида, ба ҷавонон аз пандҳову насиҳатҳои мактабӣ зиндагӣ суханрониҳо намуданд. Инчунин, аз тарафи хонандагони муассисаи номбурда саҳначаҳои ибратомези ҳаётӣ, шеъру рақсу суруд ба ҳозирин пешкаш гардид.
Дар фарҷоми чорабинӣ мудири бахши кор бо занони МИҲД-и шаҳри Конибодом Мукаррамхон Акбарова табрикоти раиси шаҳрро бахшида ба Рӯзи оила ба саҳми ҳозирин расонида, ба оилаҳои намунавӣ туҳфаҳои хотирмон тақдим намуданд.