Чунин унвон дошт, чорабинии илмӣ-адабӣ, ки тибқи нақшаи тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Конибодом санаи 7 уми сентябри соли ҷорӣ бахшида ба 31-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур вакилон, фаъолон, донишҷӯёни коллеҷу литсейҳо, омӯзгорону мураббиёни муассисаҳои таълимӣ ва ҳамчунин котибони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ширкат варзиданд. Нахуст чорабиниро муовини раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Конибодом Фируза Шерматова ҳусни оғоз бахшида, ҳозиринро бо ҷашни пуршукуҳи Истиқлолият таҳният намуд.
Маъруза таҳти унвони “Дастовардҳои даврони Истиқлол” аз тарафи омузгори ҷавони м.т.м.у №54 Тухтамурод Шерматов ироа гардид. Баъдан, маърузаи навбатӣ таҳти унвони “Нақши ҷавонон дар таҳкими Истиқлолияти давлатӣ” аз тарафи омузгори муассисаи таълимии рақами 2 шунида шуд. Дар рафти чорабинӣ шеърҳо дар васфи Ватан, Истиқлолият ва Ваҳдати миллӣ аз тарафи хонандагони муассисаи таълимии рақами 7 қироат карда шуд.
Ҳамчунин маъруза таҳти унвони “Саҳми соҳаи тандурустӣ дар пешрафти Истиқлолият” аз тарафи мудири лабараторияи беморхонаи марказӣ Қодирова Мадина пешкаш гардид.
Вакили маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд Шокиров Абдураҳим иштирокдоронро бо 31-умин солгарди Истиқлоли давлатӣ шодбош намуд.
Дар фарҷом якчанд нафар фаъолони ҳизб бо сипосномаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Конибодом ва шаҳодатномаи ҳизбӣ сарфароз гардиданд.