Рубрики
Асосӣ

КОНИБОДОМ: МУЛОҚОТИ ВАКИЛ БО ИНТИХОБКУНАНДАГОНИ ҶАМОАТҲОИ ДЕҲОТ

   Тибқи нақша мулоқоти навбатии вакили Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз шаҳри Конибодом Раҷабзода Равшан Муҳиддин бо интихобкунандагониҷамоатҳоидеҳотиКуҳандиёр ва Лоҳутӣ баргузор гардида,онро муовини Раиси шаҳри Конибодом Ғафурзода Зарринахон ҳусни оғоз бахшид.

  Сипас Раҷабзода Р.М. баромад намуда, роҷеъ ба қарору қонунҳои ба тозагӣ қабулнамудаи парлумон, ҳадафҳои стратегии Ҳукумати мамлакат, иҷрои дастуру супоришҳои дар Паём ироанамудаи Пешвои муаззами миллат,нақши Иҷлосияи тақдирсоз дар раванди давлатдории муосир ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз андешаронӣ намуд.

   Ҳамзамон зимни мулоқот масъалаҳои омодагӣ ба давраи зимистони дарпешистода, таъмини аҳолӣ ва муассисаҳои таълимиву тандурустӣ ва дигар ташкилоту идораҳо бо неруи барқ дар фасли сармо, рафти даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи мамлакат, баланд бардоштани сифати таълиму тарбия, омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар доираи дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, сазовор пешвоз гирифтани 30-солагии Иҷлосияи тақдирсози 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, истифодаи дурусти шабакаҳои иҷтимоӣ, пешгирии тамоюли бегонапарастӣ ва шомилшавӣ ба гурӯҳҳои ифротгаро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифтанд.

   Дар вохӯрӣ чанде аз иштирокдорон, собиқадорону фаъолон ва ҷавонон ба сухан баромада, оид ба масъалаҳои баррасишуда ва мавзуҳои мубрами ҷомеа андешаҳои хешро баён доштанд.

   Баргузории мулоқотҳои вакил бо интихобкунандагон дар дигар ҷамоатҳои деҳот низ идома дорад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *