Рубрики
Uncategorized

КОНИБОДОМ: МУЛОҚОТИ ГУРӮҲИ ТАРҒИБОТӢ БО ШИФОКОРОН

Санаи 16-уми июли соли ҷорӣ дар асоси нақшаи чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  дар вилояти  Суғд оид ба тарғибу ташвиқи  натиҷаҳо аз   сафари  расмии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба Тоҷикистон, ташрифи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат  мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд ва  бахшида ба ҷашни 24 – умин солгарди  Рӯзи Ваҳдати миллӣ бо иштироки намояндагони кумиҷроияи вилоятии ҳизб Исматҷонов Бахтиёр – мудири шӯъбаи ташкили ва кор бо кадрҳо – роҳбари дастгоҳи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, Бобоҷонзода Азимҷон Тоир – Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Конибодом, Раҳматзод  Баҳром – директори Маркази илмии ба номи “Камоли Хуҷандӣ”, Шарифов Шодиқул – муовини директори  Маркази илмии ба номи “Камоли Хуҷандӣ” ва Саидов Исмоил – сармутахассиси Маркази илмии ба номи “Камоли Хуҷандӣ” дар толори беморхонаи марказии шаҳр бо шифокорон мулоқот баргузор гардид. Зимни мулоқот намояндагон доир ба роҳи тайкардаи миллати тоҷик дар самти расидан ба Ваҳдати комил ва талошҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷодаи таъмини осоиштагӣ ва ободии рӯзгори мардум, суботи ҷомеа ва таҳкими истиқлолияти давлатӣ баромад намуданд. Ҳамзамон, аз ҷониби масъулин дар самти мавқеи калидии ҳамсокишвари ба мо дӯсту бародар – Ӯзбекистон дар сиёсати байналхалқии Роҳбари давлат ибрози ақида сурат гирифта, доир ба натиҷаҳои сафари навбатии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон табодули афкор намуданд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *