Санаи 16-уми июни соли ҷорӣ тибқи нақшаи чорабиниҳои муштараки Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ва Шӯрои вилоятии Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон оид ба тарғибу ташвиқи натиҷаҳо аз сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба Тоҷикистон, ташрифи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вилоят ва бахшида ба ҷашни 24 – умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ бо иштироки намояндагони кумиҷроияи вилоятии ҳизб Исматҷонов Бахтиёр – мудири шӯъбаи ташкили ва кор бо кадрҳо – роҳбари дастгоҳи КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд, Бобоҷонзода Азимҷон Тоир – Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Конибодом, Раҳматзод Баҳром – директори Маркази илмии ба номи “Камоли Хуҷандӣ”, Шарифов Шодиқул – муовини директори Маркази илмии ба номи “Камоли Хуҷандӣ” ва Саидов Исмоил – сармутахассиси Маркази илмии ба номи “Камоли Хуҷандӣ” дар тарабхонаи “Тоҷи Канд” бо сокинони шаҳр мулоқот баргузор гардид. Зимни мулоқот доир ба аҳамияти таърихии Рӯзи ба имзо расидани санади сарнавиштсози миллат – “Эъломияи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ” ибрози афкор сурат гирифта, он нодиртарин дастоварди миллати тоҷик арзёбӣ гардид ва Ваҳдати миллӣ бо Истиқлолияти давлатӣ дар як радиф қарор дода шуд. Дар ин радиф қайд гардид, ки бо ба даст омадани Истиқлолияти давлатӣ ормони ҳазорсолаи миллати тоҷик ва адолати таърихӣ амалӣ гашт, вале бо расидан ба Ваҳдати миллӣ парокандагии миллат ва хатари аз байнравии давлат бартараф гардид.
Ҳамчунин, зимни мулоқот доир ба натиҷаҳои сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо даъвати Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз санаи 10-уми июн то 12-уми июни соли ҷорӣ сурат гирифт, ибрози афкор сурат гирифта, он аз муҳимтарин дастовард ва воқеоти хотирмони соли ҷорӣ арзёбӣ карда шуд. Дар ин ҷода қайд гардид, ки сафари навбатии роҳбари ҳамсоякишвар ба Тоҷикистон риштаи дӯстии ҳарду ҷонибро боз қавитар намуда, муносибатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистонро ба сатҳи сифатан нав баровард ва ба рушди гуногунҷанбаи равобити ду кишвар такони ҷиддӣ бахшид.
Дар ин радиф, аз ҷониби навқаламони шаҳр доир ба мавзуъҳои Ваҳдат ва дӯстиву садоқат қироати шаърҳо сурат гирифт.
Чорабиниро сурудҳои дилнишини кормандони бахши фарҳанги шаҳр шукӯҳу шаҳомати хоса бахшид.