Рубрики
Асосӣ

КОНИБОДОМ: Мулоқоти Раиси шаҳр , вакили маҷлиси вакилони халқи вилоят ва шаҳр бо сокинон

   Дар ҷамоати деҳоти ба номи А.Лоҳутӣ мулоқоти Раиси шаҳри Конибодом Абдусалом Тӯхтасунзода бо сокинони ҷамоат доир гардид. Ҷамъомадро Раиси ҷамоати деҳот Умедахон Ғаниева ҳусни оғоз бахшида, зикр дошт, ки мулоқоти Раиси шаҳр Абдусалом Тӯхтасунзода ҳам ба ҳайси шаҳрдор ва инчунин ба ҳайси вакили маҷлиси вакилони халқи вилоят ва шаҳр аз ҳавзаи интихоботии Э.Шарипов ва Айнӣ дар ҷамоати деҳоти Лоҳутӣ доир шуда истодааст.

Баъдан Раиси шаҳр оид ба дастоварду фаъолияти соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи шаҳр дар 10-моҳи соли равон ҳисобот дод. Аз ҷумла, роҷеъ ба саҳми бошандагони ҷамоати деҳоти Лоҳутӣ дар пешбурди ҳадафҳои созанда, вусъати корҳои ободонию сарсабзгардонӣ дар ҳудуди ҷамоат изҳори қаноатмандӣ намуд.

Сипас саволу ҷавоби иштирокдорон бо Раиси шаҳр сурат гирифта, сокинон дар мавриди таъминоти оби полезӣ, фаъолияти соҳаи иҷтимоӣ, ҷавонону тандурустӣ ва маориф, вазъи муҳоҷират ва ғайраҳо пурсишҳо пешниҳод карда, аз Раиси шаҳр ва роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, ки дар ҷамъомад иштирок доштанд, посухҳо гирифтанд. Сокинон зикр доштанд, ки муаммои асосии сокинон ин, танқисӣ аз оби полезӣ аст. Тавре Раиси шаҳр зикр дошт, оид ба ҳалли ин муаммо лоиҳаи махсус пешниҳод гардидааст ва тибқи он оби дарёи Сир тавассути дастгоҳҳои обкашӣ ба канали калони Фарғона интиқол дода хоҳад шуд. Ва бо пазируфта шудани лоиҳаи мазкур дар моҳҳои наздик мушкилоти танқисии оби полезӣ дар ин ҳудуд пурра ҳалли худро меёбад.

  мДар анҷом Раиси шаҳр баҳри бартараф намудани муаммоҳои ҷойдошта ва ҳалли масъалаҳои аз тарафи мардум пешниҳодгардида ба масъулин супоришҳо дод.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *