Рубрики
Uncategorized

КОНИБОДОМ: Мулоқоти судманд бо сокинон

Санаи 10.01.2022 мулоқоти вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳр Марҳабо Абдуллоева бо иштироки сокинони маҳалҳои Гумбазӣ, Кордгарӣ ва Диловар Толибов баргузор гардид. Сароғоз ҳисоботи солонаи вакили шаҳрӣ Абдуллоева Марҳабо шунида шуд. Сипас Паёми Пешвои муаззами миллат мавриди омӯзиш ва баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Инчунин дар одомаи сухан вакили шаҳрӣ ҷиҳати амалишавии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ва иҷрои уҳдадориҳои волидон, ба танзим даровардани ҷашну маросимҳо бобати бартараф намудани сарфаву харҷотҳои беҳуда дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо”, пешгирии хушунат ва зуроварӣ дар оила, бартараф намудани ҷудошавии оилаҳо, ба роҳ мондани истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ, аз ваксинатсия гузаронидани аҳолӣ барои пешгирии бемории коронавирус ва сарфакорона истифода бурдани қувваи барқ ва саривақт супоридани маблағи он андешаҳои худро баён намуд. Ҳамзамон бо иштирокдорони мулоқот, ки аксаран занҳо буданд, дар бораи тарбияи ватандӯстӣ, хештаншиносӣ ва ҳимояи марзу бум корҳои фаҳмондадиҳӣ бурда шуд. Аз онҳо даъват ба амал оварда шуд, ки барои пешрафт ва шукуфоии Ватан ҳама сарҷамъона заҳмат кашему барои рушди саноатикунонии давлат ва рушди маориф саҳмгузор бошем.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *