Рубрики
Uncategorized

КОНИБОДОМ: Мулоқоти судманд

                   

Нисфирӯзии дуюми санаи 29.03.2022 масъулини кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Конибодом аз ташкилоти ҳизбии ба номи МСД “Диловарон” дидан карда, бо кормандони маркази саломатии деҳа мулоқоти судманде доштанд. Зимни мулоқот мудири шӯъбаи ташкилии кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Конибодом Ҳоҷиев Фирӯз бобати чанд нуқтаҳои   Паёми навбатии  Пешвои муаззами миллат ба Маҷлиси Олии кишвар  ва ғамхориҳои пайвастаи ҳукумату кишварамонро  нисбат ба коркунони соҳаи тандурустӣ суханрониҳо карданд. Инчунин бобати дар амал татбиқ намудани Қонун дар бораи танзим ва масъулияти падару модар андешаҳои худро баён намуданд. Зимни вохӯрии мазкур ҷиҳозонидани ҳуҷраи  ҳизбии ташкилот ва ҳуҷҷатгузориҳо  аз назар гузаронида шуд ва оид ба бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта дастурҳои методӣ дода шуд.Дар фарҷом ба бархе аз кормандони Маркази саломатии Диловарон шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида шуд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *