Рубрики
Uncategorized

КОНИБОДОМ: Мулоқоти тарғиботии “хона ба хона”

Тибқи нақшаи кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Конибодом дар ҳамкорӣ бо раисони кумитаи маҳалҳо ва ҷамоатҳои деҳот санаи 16 уми феврали соли ҷорӣ ҷиҳати ба хизмати ҳарбӣ ҷалб намудани ҷавонписарон чунин мулоқоти ” Хона ба хона ” бо сокинони деҳаи Равоти шаҳри Конибодом баргузор гардид.

     Дар мулоқот муовини  кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Конибодом Шерматова Фирӯза ва Вакили маҷлиси вакилони халқи шаҳр  Нишонова Лобархон бобати шукргузорӣ аз сулҳу субот, якдигарфаҳмӣ,расидан ба қадри тинҷиву оромӣ , тоза ва ободу сарсабз гардонидани маҳал, тарбияи хуби насли ҷавон, даъват ба сафи хизмати ҳарбии ҷавонон  сухан кард. Ҳамчунин аз нооромии ҳамсоякишварҳои ҷангзада мисолҳо оварда, ҳимояи марзу буми аҷдодиро қарзи ҳар як фарзанди худогоҳу ватандӯст шуморид.

     Инчунин боиси қайд аст, ки масъулини кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Конибодом волидонро ҳушдор сохтанд,ки аз аҳволи фарзандонашон ,ки дар муҳоҷирати меҳнатианд, бохабар бошанд. Зеро аксар ҷавонон ба гуруҳҳои ифротиву тундгаро маҳз аз надоштани дониши сиёсӣ шомил мегарданд.

Сокинони ин маҳалҳо дар фарҷоми суҳбат бо суолу дархостҳои худ муроҷиат намуда,маслиҳатҳои муфид гирифтанд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *