Рубрики
Uncategorized

Конибодом: Мулоқот бо омӯзгорон

Мувофиқи нақша-чораҷӯиҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Конибодом мулоқоти навбатии масъулин бо омузгорони муассисаи таълимии рақами 9 санаи 16.05.2022 баргузор гардид. Дар мулоқоти зерин масъалаҳои мубрами рӯз зери баррасӣ гирифта шуд. Дар рафти мулоқоти озод масъулини кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Конибодом оид ба мавзӯҳои муҳими рӯз, ба монанди даъвати насли ҷавонон ба хизмат дар сафи Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон , пешгирии шомилшавии наврасону ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, риояи Қонунҳои миллӣ , ба монанди “Қонун дар бораи танзим ва анъанаҳои мардумӣ, “Қонун дар бораи масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд” ва ҳамеша доштани зиракию ҳушёрии сиёсӣ суханронӣ намуданд. Инчунин дар рафти сӯҳбат оид ба самтҳои муҳтавои Паёми навбатии Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии кишвар нуктаҳо қайд гардид. Дар фарҷоми мулоқот омӯзгорони ҷавони муассиса ба сафи Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон қабул карда шуданд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *