Рубрики
Uncategorized

КОНИБОДОМ: Мулоқот доир ба дастовардҳои 30 соли соҳибистиқлолӣ

Истиқлолият дастоварди нодиртарин ва пурарзиштарини миллат
Тибқи нақшаи чорабинии муштаракаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Конибодом ва Шӯрои шаҳрии Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон ба муносибати 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон силсилаи мулоқоту вохӯриҳои тарғиботӣ таҳти унвони “Истиқлолият дастоварди нодиртарин ва пурарзиштарини миллат!” роҳандозӣ гардида истодааст. Субҳи 12-уми август ҳамингуна мулоқот бо кормандони Маркази саломатии Ниёзбек ва сокинони деҳаи Маҳрами ҷамоати деҳоти ба номи Э.Шарипов бо иштироки мудири шуъбаи ташкилии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Конибодом Ҳоҷиев Фирӯз ва мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти кумиҷроияи шаҳрии ҳизб Қобилов Аббос роҳандозӣ гардид. Зимни мулоқот намояндагони кумиҷроияи шаҳрии ҳизб доир ба дастовардҳои 30 соли соҳибистиқлолӣ, ваҳдату якмаромӣ, бунёдкориву созандагӣ ва расидан ба қадри истиқлолу озодӣ ибрози афкор намуданд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *