Рубрики
Асосӣ

КОНИБОДОМ: НАВРӮЗИ ҲИЗБИЁН

   Омадани фасли баҳор аз огози кори деҳқон , шукуфтанҳову рустанҳои табиат ва қудуми Наврузи фархудапай мужда медиҳад .
Имрӯзҳо дар тамоми ташкилотҳои ҳизбӣ, шаҳраку деҳот ва маҳалҳо чорабиниҳои хотирмони наврӯзӣ ҷараён дорад .
     Бо ибтикори масъулини кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Конибодом  ба ифтихори  ҷашни Наврӯз дар кумитаи иҷроияи шаҳрии ҲХДТ  бо сарҷамъии вакилон аз ҲХДТ ва фаъолон чорабинии хотирмони наврӯзӣ баргузор гардид.
   Бо гузоштани деги суманак , ки хӯроки қадимаи мардуми ориетабор аст, анъанаҳои неки тоҷикон инъикос гардид. Бо мақсади омодасозии духтарон ба рӯзгордорӣ ва эҳёи анъанаҳои миллӣ  омода намудани хӯроки бурида байни духтарон, хондани суруди суманак, намоиши либоси миллии тоҷикона , бозиҳои гуногуни наврӯзӣ аз қабили беҳтарин қисматҳои чорабинии наврӯзӣ буданд.
Ҳамчунин собиқадорони ҲХДТ, собиқ раисони кумиҷроияи шаҳрии ҲХДТ Ғаниев Наимҷон, Қаҳҳоров Абдумаҷид, Муҳиддинов Баҳодур бо ибораҳои ” … То ба наврузи дигар моро расон” дуои неки наврӯзӣ намуданд.
Чорабиниҳои наврӯзӣ дар дигар ташкилотҳои ҳизбии шаҳри Конибодом идома дорад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *