Рубрики
Асосӣ

КОНИБОДОМ: Нақши ҲХДТ дар таҳкими истиқлолияти давлатӣ

Дар идомаи баргузории хонишҳои сиёсӣ таҳти унвони “Нақши Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар таҳкими Истиқлолияти давлатӣ” дар ташкилоти ибтидоии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Маркази хизматрасонии иҷтимоӣ бо иштироки муовини раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Конибодом Шерматова Фирӯза баргузор карда шуд. Зимни чорабинии мазкур намояндаи кумиҷроияи шаҳрии ҳизб доир ба мавзуъи мазкур ибрози афкор намуда, Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро дар таърихи навини давлатдории миллӣ чун нерӯи бузурги созанда, бунёдкор ва ояндасоз дар рушду нумуи кишвар, таъмини фазои озоди сиёсӣ, демократияи халқӣ ва таҳкимбахши истиқлолияти давлатӣ муҳим арзёбӣ намуданд. Дар ин радиф, доир ба шароити расидани миллати тоҷик ба истиқлолияти давлатӣ ибрози ақида намуда, истиқлолияти давлатиро амалишавии ормонҳои ҳазорсолаи миллат ва адолати таърихӣ арзёбӣ намуданд. Дар ин ҷода, иштирокдорон низ бобати мавзуи зикргардида табодули афкор намуданд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *