Паёми Пешво имрӯзу фардо,
Кунад тақдири миллатро муайян
Ҳаёти мо аз он гардад бамаънӣ,
Ҳаёти мо аз он гардад музайян
Бад-он санҷем мо неку бади худ,
Аз он поянда моро нангу ном аст.
Бад-он дар ҷони мо сайъ асту ҳиммат,
Аз он ҳастии моро эҳтишом аст.
Дар он набзи шитоби зиндагонист
Дурустии ҳисоби зиндагонист.
Ба ҳар фарде хитоби зиндагонист,
Ба ҳар пурсиш ҷавоби зиндагонист.
Имрӯзҳо мо –мардуми сарбаланди тоҷик зери таъсири амиқи Паёми тозаироаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар “ Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” қарор дорем.
Паём аз оғоз то имрўз роҳнамои мушаххаси созандагиҳои кишвар, қадамҳои устувор барои иҷрои ормонҳои баланди миллӣ, нақшаҳои бузурги эҳёи дубораи ин халқи соҳибтамаддун ва кишвари куҳанбунёд гардидаанд. Ва ҳар сол дар ҳар Паём тозагӣ ва ҳадафмандии қавитару вазифаҳои тақдирсози нав ба наву баландарзиш гузошта мешаванд, ки имрўз моро ба ин марҳилаи шукуфову ободонӣ расониданд.
Паёми навбатии Пешвои миллат ба Маҷлиси Олӣ чун паёмҳои ҳамеша ба зиндагии шоистаи ҳар як сокини мамлакат ва пешбурди тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ нигаронида шуда, он муҳимтарин санади раҳнамосоз дар ҳаёти ҳар як фарди бонангу ори диёр , хоса мо-аъзоёни ин ҳизби созанда мебошад.
То кунун аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Раиси ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои занону бонувон имкониятҳои мусоиди кору фаъолият фароҳам оварда шуда, баҳри беҳтар гардидани вазъу шароити рузгору меҳнат, баланд бардоштани мақому манзалати занон дар ҷомеа, ба таҳсил фаро гирифтани ҷавондухтарон, бо ҷойи кори доимӣ таъмин намудани занону бонувон ва дар корҳои роҳбарикунанда таъин намудани онҳо тадбирҳои мушаххас андешида мешаванд.
Боиси сафарозии мо, занону духтарони тоҷик аст, ки дар баробари масъалаҳои муҳимтарини идоракунии давлатӣ тақвият додани саҳми занону духтарон дар кулли соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пайваста дар меҳвари сиёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Роҳбари муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, дар паёми тозаироаи хеш низ зикр намуданд, ки имрўз соҳаеро наметавон ёфт, ки занону бонувони тоҷик дар он фаъолияти пурсамар надошта бошанд. Воқеан саҳми занон дар пешбурди соҳаҳои мухталиф аз ҷумла: 73 фисади дар соҳаи маориф, 68 фисад дар соҳаи тандурустӣ, 27 фисади кормандони илм ва зиёда аз 23 фисади соҳаи кишоварзӣ назаррас буда, дар соҳаҳои нақлиёт, энергетика, алоқа, сохтмону меъморӣ, бонкдорӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот ва дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар низ софдилонаву содиқона заҳмат кашида истодаанд.
Бо дарназардошти гуфтаҳои боло ва бо мақсади амалӣ намудани ҳадафҳои Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон талаб намуданд, ки “Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону бонувони лаёқатманд барои солҳои 2023–2030» таҳия ва ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод карда шавад. Зеро таҳия ва пешниҳоди Барномаи мазкур барои то ба 30 фисад расонидани хизматчиёни давлатӣ ва то ба 25 фисад расонидани кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону бонувони лаёқатманд мусоидат хоҳад кард.
Ин таваҷҷӯҳу ғамхорӣ ва дастгириҳои пайвастаи Роҳбарияти Олии мамлакат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мо занону бонувон нерӯи тоза , руҳу тавон, қудрат, назокату тароват ато бинмуда, мавқеи ин қишри боэътимоди ҷомеаро рӯз аз рӯз дар назди давлату миллат баланд намуда истодааст.
Ҳар як узви фаъоли ҳизб, хоса мо- занону бонувонро зарур аст, ки ҷамъиятро дар партави ҳидоятҳои Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шукргузории неъматҳои бузург – сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, озодиву истиқлол ва соҳибдавлативу соҳибихтиёрӣ ҳидоят сохта, баҳри боз ҳам беҳтару хубтар намудани сатҳу сифати зиндагии сокинон саҳми бевосита ва назарраси хешро гузорем. Ва ба боварии роҳбари давлат сазовор гардем. Чуноне ки худи Пешвои миллат пайваста таъкид медоранд:
“То даме, ки Шумо -бонувон дар сари гаҳвораи миллати тоҷик ҳастед, ин миллат озод, ин кишвар обод ва ин давлат пойдор хоҳад буд”.
Фируза Шерматова
муовини раиси кумитаи иҷроияи
ҲХДТ дар шаҳри Конибодом