Бо мақсади пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ ва гурӯҳҳои ифротӣ дар коллеҷи омӯзгории шаҳри Конибодом зери унвони “Ҷавонон нерӯи бузург бар зидди терроризм ва экстремизм” ҷамъомад доир гардид, ки дар он сархатиби масҷиди марказӣ Аббосхон Аброров, роҳбари гурӯҳи ҷавонони “Авангард” Ғафурҷон Баротов ва омӯзгорону донишҷӯён фаъолона ширкат доштанд.
Директори муассиса,вакили маҷлиси вакилони халқи шаҳр муаллима Г. Раҳмонзода меҳмононро хайрамақдам гуфта, роҷеъ ба татбиқи Стратегияи давлатии муқовимат бо терроризм ва экстремизм барои солҳои 2021-2025 ҳарф зад. Зикр гардид, ки бо ҷурми иддае аз мардуми пастфитрат дар кишвар ҷанги шаҳрвандӣ ё таҳмилӣ сар заду ба мо дарси бузург шуд. Имрӯз бо ташкили чунин вохӯриҳову семинарҳо мехоҳем шомил шудани ҷавононро ба ҳар гуна гурӯҳҳои мамнӯъ пешгирӣ кунем.
Сархатиби масҷидҳои шаҳр А. Аброров бо зикри дастовардҳои замони истиқлолии кишвар, нақли қиссаҳо аз рӯзгори саҳобаву бузургони дин ҳозиринро ба шукргузорӣ ва расидан ба қадри ин неъматҳои илоҳӣ, падару модар, эҳтироми ҳамдигар ва омӯхтани илм даъват намуд.
Ҳамзамон, роҳбари ҷавонони “Авангард”-и шаҳр Ғафурҷон Баротов дар робита бо саҳми ҷавонон дар рушди кишвар маърӯза намуда, қайд кард, ки ҷомеаи Тоҷикистон бо баробари ба даст овардани соҳибистиқлолии хеш тамоми имкониятҳоро барои баланд бардоштани маърифати сиёсӣ ва динӣ омода кардааст. Мо ҷавонон бояд аз ин имкониятҳо васеъ истифода кунем. Инсон танҳо ба воситаи омӯзиш ва пайдо кардани маърифат инсони комил мешавад. Бешубҳа, имрӯз амалҳои террористиву экстремистии бархе аз мардуми ҷоҳил мо-ҷавононро водор месозад, ки барои ҳимояи миллату давлат бештар эҳсоси масъулият кунем. Ифтихормандам, ки садорати коллеҷи мазкур бо дарки масъулият барои баланд бардоштани маърифати сиёсии донишҷӯён бо ташкили ин гуна семинарҳо саҳмгузор мебошад.
Дар семинар инчунин бо тамошои навори омӯзишӣ донишҷӯён низ ибрози назар карда, ҳамсолони худро барои саҳмгузорӣ ба пойдории сулҳу ваҳдат даъват намуданд.