Рубрики
Uncategorized

КОНИБОДОМ: Озмуни иншои беҳтарин бахшида ба Рӯзи Модар

Воқеан зан – модар аз арзишмандтарин мавҷудоти олами ҳастӣ ба шумор рафта, ягон афроде ҷой ва мақоми ӯро соҳиб шуда наметавонад. Аз ин рӯ тарбияи ҷавондухтароне,ки оянда тарбиятгари фарзанд мешаванду рисолати модариро ба ҷо меоранд,роҳҳои гуногунро тақозо дорад.

Мувофиқи нақша-чораҷуиҳои кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Конибодом санаи якуми марти соли равон озмуни “Иншои беҳтарин” дар мавзуи “Зан-равшанибахши зиндагӣ ” бахшида ба Рузи модарон гузаронида шуд, ки дар он донишҷӯёни коллеҷу литсейҳо фаъолона ширкат варзиданд. Ҳадаф аз баргузории озмуни мазкур арҷгузорӣ ба номи зан- модар, тақвият бахшидани нақши зан дар ҷомеа, эҳтиром ва гиромидошти волидон ва бад-ин васила тарбияи дурусти ҷавондухтарон ба ҳаёти мустақилона мебошанд.

Ғолибони озмуни мазкур дар арафаи тантанаҳои ҷашнӣ бахшида ба Рузи модар қадршиносӣ карда мешаванд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *