Аз 26 январ то 5 феврал вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати мулоқот бо интихобкунандагон ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ сафар намуданд.
Вакилони Маҷлиси намояндагон вобаста ба таъмини иҷрои нишондиҳандаҳои Паёми
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» аз 28 декабри соли 2023 ва санадҳои нави ин мақоми олии қонунбарор бо интихобкунандагон суҳбату мулоқот анҷом медиҳанд.
Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷабзода Равшан Муҳитдин дар шаҳри Конибодом мулоқоти нахустини худро дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом бо иштироки фаъолони шаҳр баргузор намуд. Дар мулоқоти мазкур раиси шаҳри Конибодом Абдусалом Тухтасунзода низ иштирок ва суханронӣ намуданд.
Зимни баромади худ Раҷабзода Равшан Муҳитдин аз ҷумла таъкид дошт, ки дар низоми муосири давлатдории Ҷумҳурии Тоҷикистон Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷати муҳими расмӣ, барномавӣ ва муайянкунанда буда, яке аз роҳҳои ифодаи равшан, рушди иҷтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангию сиёсииҶумҳурии Тоҷикистон, пешниҳоди барномаи мукаммали кории тамоми ниҳодҳо ва қутбнамои ҳаракати устувори ҷомеаи мо ба сӯйи ояндаи дурахшон мебошад.
Иттилоъ дода шуд,ки дар Паём дар баробари дигар соҳаҳо, соҳаи иҷтимоӣ мавриди таҳлили амиқ қарор дода шуд.
Дар баромади худ Раҷабзода Равшан Муҳитдин доир ба дигар нуктаҳои Паёми Президенти мамлакат низ маълумоти муфассал дод.