Бо масъулини муассисаи таълимии рақами 35 муовини раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Конибодом Фируза Шерматова мулоқот орост .
Ҳадафи мулоқот тарғиби Паёми роҳбари давлат ҳамчун санади сарнавиштсоз , арҷгузорӣ ба таваҷҷуҳу ғамхориҳои давлату ҳукумат,даъват ба тарбияи ватандустӣ,эҳтироми арзишҳои миллӣ , расидан ба қадри сулҳу субот ва бад – ин васила аз даст надодани зиракии сиёсӣ андешаронӣ намуд.
Омузгорон низ баён доштанд ,ки ба таълиму тарбияи хонандагон ва масоили болозикр таваҷҷуҳи дучанд хоҳанд дод.