Рубрики
Асосӣ

КОНИБОДОМ: Паём- оғози пешравиҳо

Дирӯз дар коллеҷи омӯзгории ба номи Мирзо Турсунзодаи шаҳри Конибодом бо иштироки Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Конибодом Бобоҷонзода Азимҷон Тоир оид ба омӯзиши муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласа баргузор гардид.

Дар ҳамоиш директори коллеҷ Раҳмонзода Гулчеҳра Раҳмон, муовини директор оид ба илм ва муносибатҳои байналмиллалӣ Дилноза Шарофҷонзода, омӯзгори ҷавон Муҳайё Абдусатторова ва раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ Бобоҷонзода Азимҷон баромад намуданд, ки дар он нуқтаҳои асосии Паёми Пешвои миллат оид ба вазъи сиёсию иқтисодии ҷаҳон, дастгирӣ ва рушди соҳаҳои маориф, зикри мақоми зан ва дастгирии ҷавонон мавриди омӯзиш қарор дода шуд.

Зимни суханрониҳояшон баромадкунандагон аз омӯзгорон ва ҷавонон таъкид намуданд, ки ба қадри сулҳу Ваҳдати миллӣ, Истиқлолияти давлатӣ бирасанд.

Дар охири ҷаласа директори коллеҷ суханронӣ намуда, қайд карданд, ки кулли омӯзгорон, кормандон ва донишҷӯёни муассиса аз дастгирии Президенти ҷумҳурӣ ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳраманд гашта, сиёсати хирадмандона ва сулҳпарваронаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳаматарафа ҷонибдорӣ намуда, минбаъди низ кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки дар амалишавии дастуру супоришҳои Пешвои миллатро, ки зимни Паёмашон ироа доштанд саъю кӯшиш намоянд. Дастурҳои сарвари давлатро сармашқи фаъолияти худ қарор дода, ҷиҳати омӯзиши илму дониш, забономӯзӣ ва истифодаи самараноки технологияи муосир талош намоянд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *