Рубрики
Асосӣ Мақола

КОНИБОДОМ: ПАЁМ РОҲНАМО БА СУЙИ СОЗАНДАГИҲО

    Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола дар фазои орому осуда ва бо андешаву навидҳои тоза ироа гардида,  зимни он сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар тарҳрезӣ мегардад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаи хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ», ҳамаи соҳаҳо аз ҷумла; саноат, кишоварзӣ, ҳифзи ҳуқуқ, тандурустӣ, илму маориф, фарҳанг ва ба дигар соҳаҳо таваҷҷӯҳи назар намуда, пешравиҳои соҳаҳои мухталифро дар соли сипаригардида таъкид доштанд.

   Мо – ҳизбиёни шаҳри Конибодом Паёми навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки санаи 23.12.2022 ироа гардид, бо руҳияи баланди ифтихор аз ватану ватандорӣ тамошо намуда, онро чун муждаи нек ба ояндаи дурахшони миллати тоҷик ва раҳнамои фаъолияти хеш мавриди омӯзиш қарор хоҳем дод.  Зеро аз Паёми гузашта то Паёми навбатӣ кишвари азизи мо ба комёбиҳои назаррас ноил гардидааст.

    Тавре Пешвои миллат иброз доштанд,  дар соли 2022 дар ҳоле, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ дар вазъи санксионӣ ва маҳдудиятҳои сиёсӣ ба бӯҳрони иҷтимоию озуқаворӣ қарор дорад, кишоварзони мамлакат тавонистанд, ки самаранок меҳнат намуда, мардуми кишварро бо маводи озуқа саривақтӣ таъмин намоянд. Пешвои миллат ба тамоми кишоварзон барои чунин заҳмату садоқат аҳсан ва арзи сипос баён доштанд.

  Ҳамчунин, дар Паём ба масъалаи нақш ва мақоми Тоҷикистон дар ҳалли проблемаҳои глобалӣ таваҷҷӯҳ зоҳир карда шуд. Хушбахтона ҳамаи иқдомҳои кишвари мо, ки вобаста ба проблемаҳои экологӣ, дастрасӣ ба оби тозаи ошомиданӣ доштанд, аз тарафи созмонҳои байналмиллалӣ дастгирӣ ёфта, имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шарофати бунёди нерӯгоҳҳои обӣ ба энергияи сабз таъмин мебошад. Чи хеле, ки Президенти мамлакат қайд намуданд, “Тоҷикистон яке аз давлатҳои дорои захираҳои бузурги истеҳсоли неруи барқи аз лиҳози экологӣ тоза мебошад.Таъкид гардид, ки талафоти барқ имрӯз ба 20 фисад расида, бояд барои паст намудани талафот, баланд бардоштани маданияти истифодабарии неруи барқ аз тарафи аҳолӣ корбарӣ карда шавад ва сокинони мамлакатро зарур аст, ки сарфаю сариштакор бошанд.

  Дар Паёми хеш сарвари давлат чун ҳамешагӣ ба соҳаи илму маориф таваҷҷӯҳи хоса зоҳир намуда, маорифро соҳаи муҳимтарин дар рушди мамлакат арзёбӣ карданд. Баҳри пешрафти соҳаи мазкур имсол дар ҷумҳурӣ 190 муассисаҳои таълимӣ сохта ба истифода дода шудааст, ки ҳамаи ин ташаббусҳо барои пешрафт ва баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия мусоидат хоҳад кард.

  Вобаста дар ин самт ҳамчунин иброз гардид, ки бо дарназардошти зиёдшавии аҳолӣ бояд ҳамасола беш аз 200 муассисаҳои таълимӣ сохта ба истифода дода шавад. Президенти мамлакат таъкид намуданд, ки “мо дар сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумат рушди бонизоми соҳаи маориф, мақому манзалати омӯзгор ва фароҳам овардани шароити мусоиду беҳтарро барои наврасону ҷавонон яке аз самтҳои афзалиятнок дониста, барои рушди ин соҳаи муҳимми низоми иҷтимоӣ ҳамаи чораҳои заруриро роҳандозӣ карда истодаем ва пешрафти давлату давлатдорӣ, ободии диёри азиз, аз сатҳи донишу маърифати шаҳрвандон вобастагии калон дорад. Зеро, бесаводии мардум ба бесарусомонӣ, хурофотпарастӣ оварда мерасонад, ки ин боиси пастравии ҷомеа ва давлат мегардад. Дар ин самт бояд соҳаи маориф баҳри баланд бардоштани маърифати шаҳрвандӣ, саводнокии онон дар таълиму тарбияи кадрҳои баландихтисос саҳмгузор бошанд”.

     Вазорати маориф ва илм, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ вазифагузорӣ карда шуданд, ки дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳо барномаҳои касбу ҳунарҳои муосирро ҷорӣ намоянд. Баҳри омодасозии мутахассисони соҳаи саноат, технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ, инчунин, иқтисоди рақамӣ тадбирҳои судмандро амалӣ созанд. Зеро соҳибкасб будан мояи ифтихор ва сарбаландист.

  Мо- ҳизбиён аз чунин ғамхориҳо ва дастгириҳои роҳбари муаззами ҳизбамон сарфарозем  ва бо тамоми нерӯ, қувва,  матонату шуҷоат ва хиради воло баҳри амалисозии ҳадафҳои олии мамлакат ва супоришҳои Пешвои миллат пайваста талош ва меҳнати софдилона хоҳем кард. Чуноне, ки дар Паём  гуфта шуд, минбаъд низ мо тамоми донишу таҷриба, маҳорату малака ва саъю талоши худро ба рушди давлати соҳибихтиёрамон ва Ватани аҷдодиамон равона мекунем,то кишвари маҳбубамонро пешрафта гардонем ва барои наслҳои оянда як мулки ободро мерос гузорем.

Бобоҷонзода Азимҷон Тоир-

Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Конибодом

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *