Рубрики
Асосӣ

КОНИБОДОМ: Паём – роҳ суйи созандагиҳо

Дар толори дар тарабхонаи “Баҳор” -и ҷамоати деҳоти Куҳандиёри шаҳри Конибодом таҳти роҳбарии муовини Раиси шаҳри Конибодом Ғуфронзода А., раиси Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҲХДТ Бобоҷонзода А.Т, вакили Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии Конибодом №19 Раҷабзода Равшан Муҳиддин вохӯрӣ бо фаъолони ҷамоати мазкур баргузор гардид.

Раҷабзода Равшан Муҳиддин зимни баромади худ доир ба нуқтаҳои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон , ки дар он самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии мамалакатро барои давраҳои оянда муайян намуда, оид ба пешбурди манфиатбори сиёсати хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат,энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳи вазифаҳои мушаххас гузоштанд, сухан намуд.

Мулоқот бо суолу ҷавоби тарафайн ба охир расид.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *