Рубрики
Асосӣ

КОНИБОДОМ: Пешвои миллат – роҳнамои мо!

Дар ташкилоти ибтидоии ба номи Бобокалонов воқеъ дар коллеҷи омузгории ба номи Мирзо Турсунзодаи шаҳри Конибодом ба ифтихори Рузи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии илмӣ адабӣ таҳти унвони ” Президенти мо- ифтихори мо” роҳандозӣ гардид. Дар чорабинӣ муовини Раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Конибодом Иштирок ва суханронӣ намуда, ҳозиринро бо муносибати ин рузи хотирмон шодбош намуд. Директори муассиса-раиси ташкилоти ибтидоӣ, вакили маҷлиси вакилони халқи шаҳр Раҳмонзода Гулчеҳрахон бобати Саҳми Пешвои миллат дар самти дастгирии ҷавонон ибрози назар намуда, ҷавононро ба ворисони арзандаи роҳбари давлат будан даъват намуд. Чанде аз омӯзгорони ҷавон дар мавзӯъҳои ; “Иҷлосияи тақдирсоз”, “Президент-кафили зиндагии шоистаи мардум”, ” Нақши Пешвои миллат дар самти рӯй овардан ба китобу китобхонӣ” маърузаҳо намуда, қисмати дигари чорабинӣ барномаи фарҳангӣ бо ифтихор аз ватану ватандорӣ намоиш дода шуд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *