АНДЕША: Дар шароити мураккаби иқтисодӣ ва геосиёсии ҷаҳон, низоъҳои тиҷоратӣ, афзоиши таҳримҳо, тағйирёбиии иқлим, паҳншавии бемории сироятии КОВИД–19, вазъи ноустувори ҳамсоякишварҳо ва дигар омилҳои манфии ба иқтисоди миллӣ таъсиргузор Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон тамоми чораҳои пешгирикунандаро андешида, дар ҳар як вохўриву суханронӣ, паёму сафарҳои корӣ ба мардуми Тоҷикистон, алалхусус ба ҷавонон муроҷиат намуда, таъкид месозанд, ки аз вазъи дунёи имрўз сабақ гирифта, барои ояндаи Тоҷикистон аз тамоми имкониятҳо истифода намоянд ва барои таҳким бахшидани сулҳу субот, таъмини амният, баланд бардоштани сатҳи зиндагии хеш кўшиш намоянд.
Воқеан вазъи кунунии ҷаҳони муосир ва хусусияти устувор пайдо намудани зуҳуроти хатарнок, аз ҷумла терроризму экстремизм ва дигар ҷиноятҳои фаромиллӣ башариятро ба ташвиш овардааст. Ин раванд мо ҷавононро водор месозад, ки ба масъалаҳои таъмини амнияту оромии кишварамон таваҷҷуҳи аввалиндараҷа диҳем.
Аз ҷавонон хоҳиш ба амал меорам, ки ҷиҳати ҳифзи истиқлоли давлатӣ ва пешгирии падидаҳои манфии ҷомеа саҳмгузор бошанд.
Қодирова Мадина
аъзои ташкилоти ҷамъиятии ҷавонони
“Созандагони Ватан”-и назди кумитаи
иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Конибодом