Рубрики
Асосӣ Мақола

КОНИБОДОМ: Президент бо халқ ва дар дили халқ

(Таассурот аз баргузории конфронси ҷумҳуриявии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таҳти унвони “Президент- кафили рушди иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум” бахшида ба Рузи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 14.11.2021)

Таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон имсол дар айёми шукуфоиву ободкориҳои Ватан ба таҷлили 30-умин солгарди Истиқлоли кишвар рост омадаву мардуми тоҷик бо шукргузорӣ аз сулҳу субот, ваҳдату ҳамдилӣ онро бошукуҳ таҷлил менамоянд.

Барҳақ Пешвои миллат, Эмомалӣ Раҳмон аз чунин шахсиятҳои таърихи башарият ҳастанд, ки маҳз бо азму иродаи қавӣ, матонат, ҷасорат, устуворӣ, хидмати хастанопазир ба миллати хеш дар арсаи сиёсати бузург то ба шахсияте расидаанд, ки тамоми пешрафту комёбиҳо ва тинҷию рифоҳи се даҳсолаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи ў сахт марбут аст.

Муҳаққиқони ватанӣ имрӯз фаъолияти сиёсии Пешвои миллатро омӯхта, хизматҳои ӯро дар ҳаққи миллати тоҷик бо хизматҳои бунёдгузори нахустин давлати тоҷикон Исмоили Сомонӣ дар як радиф медонанд. Агар Исмоили Сомонӣ давлати Сомониёнро бунёд гузоштаву миллати тоҷикро муттаҳид сохта бошад, баъд аз ҳазор сол ҳамин иқдомро Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пиёда намуд ва давлати тозаистиқлоли моро ҳифз ва миллати парешону парокандаи тоҷикро сарҷамъ сохт. Маҳз ҳамин хизматҳои бемисли ин шахс буд, ки имрӯз тамоми мардуми Тоҷикистон ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун ба як наҷотбахши давлат, сарҷамъкунандаи миллат, кафили сулҳу ваҳдат, эҳёгари фарҳанги миллӣ, бунёдгузори мактаби давлатдории муосири миллӣ ва дар маҷмўъ, ҳамчун ба меъмори давлатдории навини тоҷикон, пешвои эътирофшудаи умумиллӣ ва сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ менигаранд.

Дар ин росто санаи 14.11.2021 дар Қасри тақдирсоз, қасри таърихии Арбоб, ки 29 сол муқаддам тақдири миллати тоҷикро ҳал намуд ва ба сари қудрат инсонеро овард, ки аввалин ҳарфаш “Сулҳ” буд, ба истиқболи Рузи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони “Президент- кафили рушди иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум” баргузор гардид. Конфронс бо роҳбарии муовини Сарвазири кишвар Сатториён Матлубахон Амонзода ва иштироки роҳбарияти кумитаи иҷроияи марказии ҲХДТ, вазирону вакилони маҷлисҳои милливу намояндагон, арбобони шинохтаи хизмати давлатӣ, собиқадорон, раисони кумиҷроияҳои шаҳриву вилоятӣ, занону ҷавонон дар сатҳи баланд баргузор гардид. Маърузачиён бобати хизматҳои безаволи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ,Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ , Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди босуботи кишвар ва рафти баргузории Иҷлосияи тақдирсоди 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон андешаронӣ намуданд.

Ҳамзамон таъкид гардид, ки хизматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи як миллату давлат маҳдуд набуда, балки фарогири ҷомеаи инсонӣ мебошанд. Барои мисол мо метавонем аз чанд масъалаи муҳим, аз ҷумлаи ҳимояи дини мубини ислом дар сатҳи ҷаҳонӣ, пешниҳоди ҳалли масъалаи об дар сайёраи инсонӣ, пешгирии хатари интишори терроризм ва ифротгароӣ дар минтақа ва ҷаҳон ёдовар шавем. Ҳоло бошад, сарфи назар аз ҳама таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун роҳбари баркамол дар шароити ниҳоят мураккаби сиёсӣ Тоҷикистонро чун узви сарбаланди ҷомеаи ҷаҳонӣ бо камоли масъулият муаррифӣ менамоянд.

Камина низ ҳамчун зан, ҳамчун модар нақши Пешвои муаззами миллатро дар самти пешбурди фаъолияти занону бонувон ва баланд бардоштани мақоми онҳо дар ҷомеа арзанда шуморида, дар назди худ дигарбора вазифа гузоштам, ки бо масъулияти баланду ифтихорманд ба халқу Ватан хизмати содиқона намоям.

Фирӯза Шерматова –

Муовини раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Конибодом

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *