Рубрики
Асосӣ

КОНИБОДОМ: ПРЕЗИДЕНТ, ПАРЧАМ ВА САДОҚАТ БА АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ

  Таҳти чунин унвон дар ҳошияи силсилачорабиниҳои сиёсиву фарҳангӣ бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ тибқи нақша-чорабиниҳои кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Конибодом санаи 23.11.2022 дар китобхонаи кумиҷроияи шаҳрӣ мизи мудаввар ташкил ва гузаронида шуд. Дар чорабинии мазкур вакилон, собиқадорон,  ҷавонон ва фаъолони ҳизб ширкат варзиданд.

  Мизи давр бо тамошои филми  “Назаре ба таърих” бобати корномаҳои Пешвои миллат ва соҳибистиқлолии давлат оғоз шуд. Баъдан, муовини кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Конибодом – Фирӯза Шерматова ҳозиринро бо меҳмонон ва мақсаду муҳтавои чорабинӣ шинос намуд. Мавсуф оид ба нақши мондагори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон   дар бунёди давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд ибрози андеша намуд.

   Маърӯза таҳти унвони “Бонувон- ҷонибдори сиёсати созандаи Пешвои миллат” аз тарафи раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ бо номи “Донояк” ироа гардида, нақши калидии бонувону занон дар пешрафти ҷомеаи навин муҳим арзёбӣ намуд.

   Ҳамчунин, аз тарафи ҷавони фаъол, аъзои ТҶҶ “Созандагони Ватан” – Ҳоҷиев Муҳаммадалӣ маърӯза дар мавзуи “Ҷавонон парчамбардорони миллатанд!” шунида шуд.

 Мутахассиси шуъбаи кор бо занони кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Конибодом- Фарзонаи Самад оид ба фаъолияти занон дар ҷабҳаҳои гуногуни ҷомеа ва бобати ҷонибдори сиёсати хирадмандонаи роҳбари давлат будани занону бонувон ақидарониҳо намуд.

 Дар идома, аз тарафи собиқадорон ва фаъолони ҲХДТ  перомуни нақши Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Пешвои муаззами миллат дар ҳаёти ободу осоишта, бунёди давлати демократӣ ҳарф зада, аз ҷавонон даъват ба амал оварданд, ки ҳисси баланди ватандӯстӣ ҳамеша дар ниҳодашон ҷӯш занад, парчамбардори миллати хеш бошанд ва баҳри пешрафти Ватани хеш хизматҳои назаррас намоянд.

 Дар фарҷом озмуни иншои беҳтарин, ки байни донишҷӯёни коллеҷу литсейҳои шаҳр дар мавзуи “30-соли созандагиҳо бо Пешвои миллат” роҳандозӣ гардида буд, ҷамъбаст гардида, иштирокдорон бо дипломи дараҷаҳои 1, 2, 3 ва туҳфаҳои хотиравии кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Конибодом сарфароз гардонида шуданд. Ҳамчунин якчанд нафар ҷавонон ба сафи ҲХДТ қабул карда шуда, соҳиби шаҳодатномаҳои ҳизбӣ гардиданд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *