Рубрики
Uncategorized

Конибодом: Рӯдакӣ рафту монд ҳикмати ӯ…

Имрӯз дар саросари кишвари азизамон бузургдошти Рӯзи Рӯдакӣ таҷлил мегардад. Рӯдакӣ чун устоди шоирон, қофиласолори назми форсу тоҷик, соҳибқирони шоирӣ барои имрӯзиён ашъори нобе боқӣ гузошт, ки асолаташро ҳаргиз гум нахоҳад кард.

Ба истиқболи ин ҷашни фархунда дар ташкилоту муассисаҳои шаҳри Конибодом мулоқоту суҳбатҳо, маҳфилҳои адабию фарҳангӣ баргузор шуда истодааст. Маҳфили “Рӯдакихонӣ”аз қабили чунин чорабиниҳо буд, ки субҳи 22.09.2021 дар муассисаи таълимии рақами 6 ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ роҳандозӣ гардида, хонандагон аз ашъори мондагору рангини устоди сухан Абуабдуллоҳи Рудакӣ шеъру қасидаву рубоиёт қироат намуданд. Дар чорабинӣ муовини Раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Конибодом Фирӯза Шерматова иштирок ва суханронӣ намуда, аз хонандагон даъват ба амал овард, ки ба қадри сулҳ, оромию субот ва истиқлоли кишвар бирасанд, пайваста китоб хонанд, бо баҳои хубу аъло ва рафтори намунавӣ таҳсилро идома диҳанд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *