Бахшида ба 30 солагии таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон Раиси шаҳри Конибодом Абдусалом Тухтасунзода аз дидбонгоҳи сарҳадии Қарақчиқум, воқеъ дар ҷамоати деҳоти Лоҳутӣ боздид ба амал оварда, бо рафти хизмати сарбозону афсарон, ҷойи хобу ошхона, ҳаммом, синфхонаҳои таълимӣ ва китобхона аз наздик шинос шуд.
Дар ин боздид Раиси Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҲХДТ Азимҷон Бобоҷонзода, Раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳр Наимҷон Ғаниев, Раиси ҷамоати деҳот Фотеҳ Абдуҷабборов, омӯзгорону табибон ва фаъолони ҳудуди ҷамоат иштирок доштанд.
Нахуст Раиси шаҳр ҳамроҳи афсарону сарбозон барои хуррамгардонии гирду атроф ниҳолҳои ороишии арча шинониданд. Ҳамчунин супориш дода шуд, ки барои доимо бо меваҳои тару тоза таъмин кардани сарбозон дар ҳавлии дидбонгоҳ бо ҳамдастии фаъолони ҷамоат ниҳолҳои зардолую олуча ва дигар дарахтони мевадиҳанда шинонанд. Ба Раиси шаҳр иттилоъ дода шуд, ки тибқи супоришҳои қаблии шаҳрдорӣ дар атрофи дидбонгоҳ 100 бех бодом шинонида шудааст.
Зимни шиносоӣ Раиси ҷамоати деҳот ва фаъолон муваззаф гардиданд, ки дар ҳамкорӣ бо соҳибкорони боиродаи ҷамоати деҳот то ҷашни 30-солагии Рӯзи Артиши миллӣ ҳуҷраҳо, долон ва бинои дидбонгоҳро таъмиру тармим ва рангубор карда, ба ҷашн омода намоянд. Инчунин таъмини сифати баланди пахши барномаҳои телевизионӣ ва фаъолгардонии мавҷи радиои шаҳрии Канд-ФМ супориш дода шуд, то ки сарбозону афсарон дар вақтҳои фароғатӣ аз навгониҳои тозаи ҷумҳурӣ ва навидҳои шаҳр ҳамеша бохабар бошанд.
Аз ҷониби Раиси шаҳр, масъулини ҷамоати деҳот ва фаъолон барои сарбозону хизматчиёни ҳарбӣ хӯроки нисфирӯзӣ пешкаш карда шуда, дар зимн Раиси шаҳр бо ҳар яки сарбозон сӯҳбати гарму самимӣ дошт ва ба онҳо барои хизмати содиқона, далерию шуҷоатмандиашон арзи сипоси мардуми сарбаланди шаҳрамонро расонид.
Дар поёни мулоқот Раиси шаҳр ба роҳбарияти ҷамоати деҳот, пирони рӯзгордида, имомхатибон ва ба кулли фаъолони ҷамоат супориш дод, ки ҳар моҳ бо сарбозон мулоқотҳо ташкил намуда, аз вазъи хизматашон хабар гиранд ва ҳар камбудие, ки пайдо мешавад, саривақт ҳал намоянд.
Гузаронидани сӯҳбату вохӯрӣ ва боздидҳои Раиси шаҳр Абдусалом Тӯхтасунзода дар дигар қисмҳои низомӣ ва дидбонгоҳҳо идома дорад.
Рубрики