Рубрики
Асосӣ

КОНИБОДОМ: Саҳми бонувон дар таҳкими истиқлолияти давлатӣ

Чунин унвон дошт, чорабиние, ки ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Конибодом санаи 19.08.2021 баргузор гардид. Чорабинии мазкур дар толори китобхонаи системаи марказонидашудаи шаҳр бо иштироки занони собиқадор, бонувони фаъол ва ҷавондухтарони даврони соҳибистиқлолии кишвар бо риояи фосилаи иҷтимоӣ роҳандозӣ гардид. Дар чорабинӣ муовини раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Конибодом Фирӯза Шерматова иштирок ва баромад намуда, нақши занону бонувонро дар пойдории соҳибистиқлолии Тоҷикистон муҳим арзёбӣ намуд. Собиқадорони китобхона, нафарони бофарҳангу китобдуст – Раънохон Ҳакимова ва Барнохон Қодирова аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ ҳарф зада, аз ҷавонон даъват ба амал оварданд, ки ба қадри истиқлолу озодӣ, сулҳу суботи ва ғамхориҳои давлату ҳукумати кишвар бирасанд. Ва насли ояндасозро ҳамеша даъват ба китобу китобхонӣ намоянд.
Ҳамчунин Мубина Махкамова – ҷавони даврони соҳибистиқлол, донишҷӯи фаъоли Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз соҳибистиқлолӣ ва иқболи неки ҷавонони имрӯз ибрози назар намуда, аз ғамхориҳои ҷавонпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, президенти кишвар мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шукргузорӣ намуд.Аз ҷониби хонандагони фаъол шеърҳо васфи Ватан , Тоҷикистон қироат гардид. Дар фарҷоми чорабинӣ якчанд занону бонувон андешаҳояшонро перомуни мавзӯъ баён доштанд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *