Рубрики
Uncategorized

Конибодом: Семинари Омӯзишӣ Бо Масъулони Ташкилотҳои Ибтидоӣ

      Тибқи нақша чораҷӯиҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Конибодом мунтазам дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ семинарҳои дастурдиҳӣ ташкил ва гузаронида шуда истодааст.Семинари навбатӣ санаи 12-13-уми майи соли ҷорӣ дар ташкилотҳои ибтидоии ҲХДТ дар ҳудуди ҷамоатҳои деҳоти Пулодон ва Раҷаб Ҳамробоев бо иштироки шахсони масъули ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ семинари дастурдиҳӣ баргузор карда шуд. Доир ба ин самт масъулин бобати ҳуҷҷатгузориҳо дар самти фаъолияти ҳизбӣ ва ҷиҳозонидани ҳуҷраи ҳизбӣ дастурҳои зарурӣ доданд.

Инчунин барои иштирокдорон аз тарафи КИ ҲХДТ дар шаҳри Конибодом дастурамал омода ва пешниҳод гардид, ки мувофиқи он ҳар як ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ бояд фаъолияти худро пеш барад. Масъули кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Конибодом дар рафти семинар оид ба муҳтавои Оинномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо ҳозирин мубодилаи афкор намуданд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *