АНДЕША: Парчам! Дурахшонтарин ва зеботаринӣ. Нурафшониву сарбаландӣ -чу кӯҳҳои сарбафалаккашидаи тоҷик . Имрӯз парафшонӣ мекунӣ , ба бахти миллати сарбаланд ва сокинони шӯҳратманди тоҷик. Рангҳоят инъикосгари розҳои дили мардумонанд.
Алвонҷ мехӯриву гӯё наззора дорӣ, мардуми хушфоли тоҷикро , ки ифтихор аз ватандорӣ доранд.
Васфат ситоише бо барги сабзи хеш ифшо кардам , ки пеши бузургии ту ночиз аст. Илоҳо то дунё ҳаст , рахшандаву тобанда, пояндаву ҷовидон ва парафшон бимонӣ!
Парчами мо
Сурху сабзу дилрабо,
Ранги сапед раҳкушо
Ҳамранги нуру зиё,
Рахшанда парчами мо.
Рахшанда парчами мо,
Поянда парчами мо!
Доимо он парафшон
Чун шеди партавафшон,
Барои халқу кишвар,
Тобандаву дурахшон.
Рахшанда парчами мо,
Поянда парчами мо!
Ҳамранги бахту қисмат,
Се ранги босаодат.
Бахту нишоти миллат ,
Покии номи давлат.
Рахшанда парчами мо,
Поянда парчами мо!
Тамоми сокинони кишварро ба муносибати Рӯзи парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона муборакбод мегӯям. Бошад, ки парчами парафшони тоҷикон ҳамеша чу офтоби оламтоб бар сари ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ нурафшонӣ бикунад!
Фирӯза Шерматова
Муовини раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар
шаҳри Конибодом