Рубрики
Асосӣ Мақола

КОНИБОДОМ: Сулҳ беҳ аз ҷангу доварӣ

МАҚОЛА: “Зиндагӣ маърифати раҳгузарист”.Шабеҳи дуроҳаи аблақест, ки инсонҳо ба самте ҳаракат мекунанд.Ба самте, ки интихобаш аз онҳост.

Дар дунё миллату нажоди гуногун мавҷуд аст, ки онҳо ҳамчун меваҳои дарахт, ситораҳои осмон ва занҷири маънавии меҳр ба ҳамдигар пайвандиногусастанӣ дошта, дар дасти замона ҳамчу ангуштони як панҷаанд.Миллатҳоро ба хубу бад,улвию, суфлӣ ҷудо кардану аз ҳаёт маҳрум кардани касе ҳуқуқ надорем.Он рисолати холиқи оламиён аст.

Ба қавли Саъдии бузург банӣ одамӣ аъзои якдигар ва аз як ҷавҳар буда, агар узве бемор гардад, тамоми узвҳо беқарор мешаванд.Аз ин ҷиҳат, барои оромиши қалбҳо инсоният бояд осоишта зиста, ҳамдилу ҳаммаром бошанд.Вале афсӯс,афроди ноогоҳе ҳастанд, ки аз барои пулу молу мансаб қалби Модар-Заминро чок намуда,фарзандонашонро ба марг маҳкум мекунанд, ки ин амал ба зарфияти ахлоқи инсонӣ намеғунҷад, яъне кирдори ноодамона аст.Одам пеш аз ҳама бояд олитарин унвон, яъне инсон буданро фаромӯш накунад.

Падидаи беҳтарину арзишмандтарин ин осоиштагиву рафоҳату дӯстист.Модари башарият –Замин низ мехоҳад, ки фарзандонаш ҳамеша шамими хушоянди сабзаву себаргаву ёсуманро эҳсос намуда, масканашон шукуфазор бошад, Вале аз кирдори бади одамони ҳайвонсиратоне, ки олами рангину хандаи кӯдаконро рабудаву шодии модаронро дуздиданианд, фарёд мекашед.Фарёдаш хомӯшу фалакрас аст.Бо забони хамӯш нидо мекунад:

Як ҳарфи сӯфиёна бигӯям, иҷоза ҳаст?

К-эй нури чашми ман, сулҳ беҳ аз ҷангу доварӣ.

Бигзор дар ҳама ҳолат садои якнавохти ваҳдату дӯстию ягонагӣ дар авҷи парвоз бошаду сатри кинаву нифоқу ҷанг ба таври ҳамешагӣ зудуда гардад.Зеро “ҷанг хубӣ надораду сулҳ бадӣ”.

Равшан Ашӯров -аъзои фаъоли ҲХДТ,

омӯзгори коллеҷи тиббӣ

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *