Нимаи дуюми санаи 16-уми июни соли ҷорӣ дар идомаи мулоқотҳои тарғиботии аъзоёни гурӯҳи тарғиботии муштараки Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ва Шӯрои вилоятии Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон оид ба тарғибу ташвиқи натиҷаҳо аз сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба Тоҷикистон, ташрифи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вилоят ва бахшида ба ҷашни 24 – умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ бо сокинони ҷамоати деҳоти Патар баргузор гардид.
Зимни мулоқот, доир ба аҳамияти таърихии сафари навбатии роҳбари ҳамсоякишвари ба мо дӯсту бародар муҳтарам Мирзиёев Шавкат Мирамонович ба Тоҷикистон ва зимни он ба имзо расидани 36 адад созишномаҳои ҳамкории байни ду кишвар, дар меҳвари сиёсати Пешвои миллат қарор гирифтани муносибати хуб бо ҳамсоякишварҳо табодули афкор сурат гирифт. Дар ин ҷода қайд гардид, ки созишномаҳои ба имзо расида барои беҳбуд бахшидани робитаҳои кишварҳои ҳарду ҷониб ва беҳбуд бахшидани вазъи иқтисодию иҷтимоии Тоҷикистону Ӯзбекистон заминаҳои мусоид хоҳад гузошт. Дар ин радиф таъкид гардид, ки дар арафаи 24-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ анҷом ёфтани сафари расмии Сарвари кимшвари ба мо дӯсту ҳамсоя Узбекистон ифодагари пойдории сулҳу субот ва ҷонибдори дӯстиву якдилии миллати моро тақозо менамояд.