Дар толори ташкилоти ибтидоии ба номи Исмоили Сомонӣ воқеъ дар коллеҷи технологии шаҳри Конибодом чорабинии маърифатӣ дар мавзӯи “Нашъамандӣ-вабои аср” бо мақсади тарғиби тарзи ҳаёти солим байни ҷавонон баргузор гардид.
Дар чорабинӣ намояндагони КАТС-и шаҳри Конибодом Қурбонова Таҳминахон роҳбари маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим, Тошхуҷаев У. духтур-равоншинос ба сухан баромада, роҷеъ ба зарари ин падидаи номатлуб ба ҷомеа, хусусан ба ҷавонон, роҳҳои пешгирии ин вабои аср, боло бурдани чорабиниҳои маърифатӣ ҳарф заданд.
Қайд гардид, ки бояд аҳли ҷомеа бо ҷалби ҷавонон ба корҳои бунёдкорию созандагӣ ва коҳиш додани сатҳи нашъамандӣ фаъол бошанд.