Ташкилоти ибтидоии Беморхонаи бачагонаи шаҳри Конибодом аз фаъолияти яксолаи худ натиҷагирӣ намуданд. Дар маҷлиси ҳисоботӣ -интихоботӣ раиси ташкилоти ибтидоӣ Раҳимов Қурбоналӣ ба иштирокдорони ҷаласа ва кумиҷроияи шаҳрӣ ҳисоботи ташкилотро пешкаш намуда, аз дастовардҳо ва камбудиҳои фаъолияти аъзоени ташкилот суханронӣ кард ва ҳамчунин таъкид дошт, ки баҳри татбиқи ҳадафҳои созандаи Ҳизб ҳар як аъзо меҳнати содиқонаю софдилона намоянд. Аз ҷониби якчанд аъзоёни ташкилоти ибтидоӣ музокира бобати қаноатбахш ҳисобидани фаъолияти ташкилот шунида шуд. Бобати масъалаҳои боқимонда низ қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.
Дар фарҷом масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Конибодом аз ҳозирин даъват ба амал овард,ки ҷиҳати солимии ҷомеа боз ҳам кушишҳои бештар намуда, баҳри сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 35солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон камари ҳиммат бубанданд.
Дар поёни кори маҷлис сафи ҳизбчиён аз байни табибону ҳамшираҳои тиб зиёд гардида, аъзоёни нав соҳиби шаҳодатномаҳои ҳизбӣ гардиданд.
.